Фарзандони мухолифони Саудӣ мамнуъулхуруҷ шудаанд
(last modified Thu, 22 Nov 2018 12:23:17 GMT )
Ноябр 22, 2018 17:23 Asia/Dushanbe
  •  Фарзандони мухолифони Саудӣ мамнуъулхуруҷ шудаанд

Мақомоти арабистонӣ илова бар боздошти ҳазорон мухолиф ва фаъоли сиёсӣ, фарзандони онҳоро низ мамнуъулхуруҷ кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, сафҳаи зиндониёни ақида дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, аз саршиностарин ин афрод, фарзандони Шайх Салмон Ал Уда ҳастанд, ки ба баҳонаи фаъолияти сиёсии падарашон мамнуъулхуруҷ шудаанд.

Додситони кулли Арабистон панҷуми сентябр эъдоми Салмон Ал Уда, аз чеҳраҳои мазҳабӣ дар ин кишварро ба иттиҳоми интиқод аз сиёсатҳои Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва ташкили ҳастаҳои зидди амниятӣ, хостор шуд.

Ҳамчунин режими Оли Сауд фарзандони бархе аз устодони донишгоҳҳои Арабистон аз ҷумла Аҳмд ибни Рошид ибни Саид, Саид ибни Носир ал Ғомдиро, ки худ муқими хориҷ ҳастанд, мамнуъулхуруҷ кардааст.

Режими Оли Сауд садҳо тан аз нависандагон, фаъолон ва рӯҳониёнро аз сентябри гузашта ба баҳонаҳои воҳӣ(беасос), аз ҷумла фаъолиятҳои террористӣ дастгир ва зиндонӣ кардааст.

Ҳисоби Твитерри зиндониёни ақидатӣ ва сиёсии Арабистон мавсум ба «Муътақли ал Раъй» имрӯз (чаҳоршанбе) бо ифшои боздошти Абдуллоҳ Ал Ақил, хабарнигори рӯзномаи Саудӣ ал Ватан ба далели интиқод аз сиёсатҳои Туркӣ Оли Шайх, вазири варзиши Арабистон навишт, вай шаш моҳ ба хотири интиқод аз Оли Шайх аз фаъолият манъ шудааст.