Эътирофи афсари саҳюнистӣ ба авзои ошуфтаи артиши ин режим
Як афсари режими саҳюнистӣ аз заъф ва мушкилоти артиши ин режим хабар дод.
Ба навиштаи рӯзномаи саҳюнистии “Haaretz”, Исҳоқ Брик, генерали бознишастаи артиши режими саҳюнистӣ гуфт, фармондеҳони артиши Исроил мушкилот, ихтилолот ва камбудҳоеро фош намекунанд дар ҳоле, ки буҳрони шадиде дар нируи инсонии артиши Исроил вуҷуд дорад.
Генерал Брик дар моҳи августи гузашта низ гузорише мабни бар омода набудани артиши режими саҳюнистӣ барои ҷанг ба Гади Айзенкот, раиси ситоди муштараки артиши ин режим ироа дода буд.
Агарчӣ Исроил таҳти ҳимояти шадиди Амрико қарор дорад ва оддисозии равобит бо бархе аз кишварҳои арабиро пайгирӣ мекунад, аммо даргириҳои ахир бо нируҳои муқовимат дар борикаи Ғазза ва тазалзули кобинаи ин режим нишон дод, ки Исроил то чӣ ҳад осебпазир ва нотавон буда ва тавонмандии боздорандагии гурӯҳҳои муқовимат беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст.