Сентябр 13, 2016 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳазорон фаластинӣ намози Иди саиди Қурбонро дар Масҷидулақсо иқома карданд

Ҳазорон фаластинӣ намози Иди Қурбонро дар миёни тадобири шадиди амниятии саҳюнистҳо дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, шайх Юсуф Абусунайна, хатиби Масҷидулақсо дар хутбаи ид, зимни дуруд ба асирон дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, хоҳони озодӣ ва таваққуфи хушунатҳои Исроил дар ҳаққи онҳо ва ҳамбастагии мардуми бештар бо асирон шуд.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин пас аз иқомаи намози Иди Қурбон гуфт: "Умедворем имсол кишвари мустақили мо дар марзҳои соли 1967 бо пойтахтии Қудси шарқӣ шакл гирифта ва озодиву истиқлоли мардуми мо ҳосил шавад".

 Ба гузориши хабаргузории "Қудс", Халил Алҳайя, яке аз раҳбарони ҲАМОС ва узви дафтари сиёсии ин ҷунбиш дар хутба‎ҳои намози Иди Қурбон дар навори Ғазза, бо таъкид бар лузуми аз байн бурдани ихтилофот ва тақвияти якпорчагӣ миёни фаластини‎ҳо, таъкид кард, уммати исломӣ ғайр аз ишғолгарони ҷинояткори саҳюнист, ки омили қатл ва тахрибу вайронӣ ва ҳамчунин беҳурматии Масҷидулақсо ҳастанд, душмане надорад.

Узви дафтари сиёсии ҲАМОС ҳамчунин бо таъкид бар идомаи интифозаи Қудс афзуд, миллати Фаластин ҳар рӯз бо хуни худ давомнокии интифозаро тазмин ме‎кунад.

 

Барчасп