Декабр 29, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Эрдуғон аз мавозеи пешини худ дар бораи шимоли Сурия

Раиси ҷумҳурии Туркия гуфт, дар сурате ки гурӯҳҳои курд аз Манбиҷ ва шарқи Фурот дар шимоли Сурия хориҷ шаванд, Анкара дигар ҳеч коре дар Сурия надорад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз Рейтер, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа бо эъломи ин хабар афзуд, Туркия аз тамомияти арзии Сурия ҳимоят мекунад ва Манбиҷ мутааллиқ ба Сурия аст.

Ин суханони Эрдуғон дар ҳоле матраҳ шуд, ки нерӯҳои артиши Сурия рӯзи ҷумъа вориди шаҳри Манбиҷ дар вилояти Ҳалаб шуда ва парчами ин кишварро дар ин минтақа барафроштанд.

Туркия чанд рӯз пеш эълом карда буд, ба зудӣ амалиёти ҷадидеро алайҳи ягонҳои мудофеи халқ ва Ҳизби коргарони Курдистон дар шарқи Фуроти Сурия оғоз хоҳад кард.

Фармондеҳи кулли артиши Сурия бо таъкид бар тааҳҳуди худ ба анҷоми вазоифи миллӣ дар иҷрои ҳокимияти давлат бар ваҷаб ба ваҷаб хоки ин кишвар эълом кард, вуруди ягонҳои артиш ба шаҳри Манбиҷ дар посух ба дархости аҳолии ин шаҳр анҷом шудааст.

Ҳамзамон бо таҳдиди Туркия барои ҳамла ба мавозеи курдҳои Сурия дар шимоли ин кишвар, фармондеҳи марказии ягонҳои мудофеи халқ дар баёнияе курдҳоро аз лиҳози сарзаминӣ, марзӣ ва мардумӣ вобаста ба низоми Димишқ донист ва аз артиши Сурия хост, бо вуруд ба контроли минтақаи Манбиҷ, мардуми ин шаҳрро дар муқобили Туркия ҳимоят кунад.

 

Барчасп