Январ 01, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ваъдахилофии Трамп дар бораи хурӯҷи сареъ аз Сурия

Мақомҳои Петагон гуфтанд, раисҷумҳури Амрико ҷадвали замонии хурӯҷи ду ҳазор нерӯи ин кишвар аз Сурияро ба чаҳор моҳ тағйир додааст.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” ба нақл аз ду мақоми низомии Амрико гузориш дод, Доналд Тармп дар сафари ҳафтаи гузаштааш ба Ироқ ба генерал Пол Лакамера, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия ба таври хусусӣ гуфтааст, ки артиш чанд моҳ фурсат дорад, то дастури хурӯҷи амн ва муназзам аз Сурияро анҷом диҳад. Ин дар ҳолест, ки Трамп ҳангоми эъломи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия дар 19-уми декабр барои он барномаи замонии 30-рӯза таъйин карда буд.  Аммо “Ню-Йорк таймз” навишт, Трамп бо таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои сарони низомии собиқ ва кунунӣ дар хусуси хатарҳои хурӯҷи сареи нерӯҳои низомии амрикоӣ аз Сурия зимни ақибнишинӣ аз дастури аввалияи худ дар ин бора барномаи замонии онро аз 30 рӯз ба 120 рӯз тағйир додааст.

Трамп рӯзи душанбе дар яке аз твитҳояш навишт, ки хурӯҷ аз Сурия ба оромӣ хоҳад буд, аммо дар бораи тағйири барномаи замонии он сукут кард. Генерал Марк Ҳертлинг, аз фармондеҳони собиқи артиши Амрико ба CNN гуфт, тасмими Трамп дар бораи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия бисёр масъаласоз ва сабаби сардаргумии ҳама шудааст.

Амрико тайи ҳафт соли ҳузури низомӣ ва ҳимоят аз террористҳо дар Сурия натавонист ба ҳадафи худ мабнӣ бар нобудии давлати Башор Асад бирасад.

 

Барчасп