Январ 06, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳувияти ҳамлагарон ба телевизиони Фаластин дар Ғазза

Вазорати кишвар ва амнияти миллии Фаластин ҳувияти омилони ҳамла ба бинои телевизиони Фаластин дар шаҳри Ғаззаро эълом кард.

Афроди ниқобдор ва ношинос рӯзи ҷумъа бо ҳамла ба бинои радио ва телевизиони Фаластин дар маҳалла "Тел ал-Ҳава" дар ғарби борикаи Ғазза, тамоми таҷҳизоти садо ва филмбардории ин шабакаро хароб карданд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, Вазорати кишвар ва амнияти миллии Фаластин рӯзи шанбе пас аз таҳқиқу баррасии дурбинҳои амниятӣ ва кашфи ҳувияти омилони ҳамла ба бинои радио ва телевизиони Фаластин дар Ғазза эълом кард: Ҳамлакунандагон 5 нафар аз аносири Ҷунбиши озодибахши Фаластин (Фатҳ) ҳастанд, ки маошашон тавассути Ташкилоти худгардон қатъ шудааст.

Вазорати кишвари Фаластин бо таъкид бар ҳифзи амният ва оромиш дар борикаи Ғазза тасреҳ кард: Хадамоти амниятӣ иқдомоти ҳуқуқии лозим дар бораи омилони ҳамла ба радио ва телевизиони Фаластин дар Ғаззаро пайгирӣ хоҳанд кард.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардон Фаластин ва тими вобаста ба ӯро масъули комили авзои нобасомони дохилӣ ба вижа дар борикаи Ғазза донист.

Маҳмуд Аббос аз апрели 2018 маҷмӯае аз муҷозотҳои молӣ ва ҳуқуқии шомили коҳиши шадиди ҳуқуқи кормандон Ғазза, ихроҷи шумори зиёде аз онон, коҳиши барқи ирсолӣ ба Ғазза ва таваққуфи ирсоли дорӯро ба ин борика ҷорӣ кард.

 

Барчасп