Январ 21, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Яман аз сукути Созмони Милал дар баробари ҷиноёти Арабистон

Вазорати беҳдошти Яман бо судури баёнияе сукути Созмони Милал ва намояндаи он дар баробари ҷиноёти нерӯҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Санъоро маҳкум кард.

Ҷангандаҳои режими саудӣ дар рӯзҳои ахир бар шиддати ҳамалоти худ ба Санъо, пойтахти Яман афзудаанд, ки бо ба хоку хун кашида шудани садҳо ямании дигар анҷомидааст. Ин дар ҳоле аст, ки мутаҷовизони саудӣ се ҳазору 273 навбат оташбас дар вилояти Алҳудайдаро нақз кардаанд.

Давлати мустаъфии Яман ва эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба ҳеҷ гуна тавофуқе пойбанд нестанд ва ҳамчунон ба нақзи оташбас дар вилояти Алҳудайда идома медиҳанд. Бар асоси тавофуқи Стокголми Шветсия, ки шашуми декабри соли 2018 миёни тарафҳои яманӣ баста шуд, қарор буд оташбас аз 18 декабр дар шаҳри Алҳудайда иҷро шавад, аммо эътилофи мутаҷовизи саудӣ ва муздуронаш ҳар рӯз оташбасро нақз мекунанд. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман аз марти соли 2015 то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. Бетаваҷҷуҳии Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи куштори мардуми Яман аз сӯйи режими мутаҷовизи саудӣ ва муздуронаш раванди хатарнок маҳсуб мешавад, ки бо маъмуриятҳо ва аҳдофи Созмони Милал муғойират дорад. Афкори умумӣ ва мардуми Яман аз нақши Созмони Милали Муттаҳид дар буҳрони ин кишвар норозӣ ҳастанд.

Шабакаи телевизионии Алманор дар гузорише эълом кард, ки мутаҷовизон дар Яман тасмиме барои иҷрои тааҳҳудот худ бар асоси тавофуқи Стокголм надоранд ва фақат бо эъмоли фишори Созмони Милал бояд водор ба иҷрои тааҳҳудоти худ шаванд. Ба гузориши шабакаи телевизионии Алманор, Халил Алумари, хабарнигори ин шабака дар Санъо зимни эъломи ин матлаб таъкид кард, ки тарафи яманӣ марҳалаи аввали тавофуқи Стокголмро ба иҷро даровард, аммо мутаҷовизон ҳамчунон аз иҷрои тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ сарпечӣ мекунанд.

Бар асоси ин тавофуқ, ҳамаи нерӯҳои муздур ва мутаҷовиз бояд аз шарқу ҷануби Алҳудайда ақибнишинӣ кунанд. Аммо таҳаввулоти Яман нишон медиҳад, ки мутаҷовизон бидуни эъмоли фишорҳои Кумитаи Назорати Байналмилалӣ ин корро анҷом нахоҳанд дод ва ҳатто пойгоҳҳои ҷадиде дар манотиқе, ки бояд аз он ҷо ақибнишинӣ кунанд, эҷод мекунанд ва ҳамин амр нишон медиҳад дар анҷоми тааҳҳудоти худ тааллул ва барои худдорӣ аз амал ба тааҳҳудоти худ баҳонатарошӣ мекунанд.

Рӯзномаи “Медиа парт”, чопи Фаронса низ сукути Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи таҷовузи Арабистон ба Яманро лакаи нанге барои ин созмон тавсиф кард.

Сукути Созмони Милал дар баробари ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар Яман дар ҳоле аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2018 Қатъномаи 2451 - ро низ дар ҳимоят аз тавофуқи оташбас дар бандарҳои муҳими ин кишвар тасвиб кард. Ин қатънома ба манзалаи замонати иҷрои Созмони Милал дар бораи тавофуқномаи сулҳи Шветсия дар қиболи Яман аст. Саудиҳо ва муздурони онҳо умедворанд, ҳар он чӣ аз тариқи ҷанг ва шарорат натавонистанд дар Яман ба даст оваранд, аз тариқи музокира ва тавофуқ ба ҳамон аҳдоф бирасанд. Дар чунин шароите Созмони Милал бо сукути худ амалан бо тавтеаҳо алайҳи Яман ҳамроҳӣ нишон додааст, ки ин мавзуъ интиқоди шадиди афкори умумӣ, бавижа мардуми Яманро дар пай доштааст .

 

 

Барчасп