Январ 27, 2019 10:03 Asia/Dushanbe
  • Сайидҳасан Насруллоҳ: Исроил дар Сурия шикасти сахте хӯрдааст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи Аламаёдин ба пирӯзиҳои ахири меҳвари муқовимат дар Сурия ишора ва тасреҳ кард, Исроил дар Сурия шикасти сахте хӯрдааст.

Ба гузориш Хабаргузории садо ва симои Эрон, Сайидҳасан Насруллоҳ хотирнишон кард, Сурия акнун дар беҳтарин шароит дар тӯли ҳашт соли буҳрон қарор дорад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд, Исроил ҳамаи омол ва орзуҳояшро дар Сурия аз даст додааст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин ба таҳаррукоти саҳюнистҳо дар марзҳои Лубнон ишора кард ва гуфт: Дар ҳар гуна ҷанги эҳтимолӣ алайҳи Лубнон, кулли сарзаминҳои ишғолӣ майдони ҷангу набард хоҳад шуд.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо баёни ин ки Ҳизбуллоҳ мушакҳои нуқтазан ва дақиқ ба теъдоди кофӣ барои вуруд ба ҳар гуна ҷангеро дар оянда дар ихтиёр дорад, афзуд, муқовимати Лубнон ба ҳар гуна таҷовузи Исроил ё террори аносири Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва ҳатто Сурия вокуниши шадид нишон хоҳад дод.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба масъалаи Фаластин ва тарҳи амрикоии "муомилаи қарн" низ ишора ва хотирнишон кард, ҳеҷ гурӯҳи фаластинӣ бо ин тарҳ мувофиқат нахоҳад кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо баёни инки Амрико ва Муҳаммад бин Салмон валиаҳди режими Саудӣ талош мекунанд "муомилаи қарн"-ро амалӣ кунанд, тасреҳ кард, ин тарҳ маҳкум ба шикаст аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, муқовимати яманиҳо дар баробари этилофи мутаҷовизи Саудиро ҳам сутуд ва тасреҳ кард, ин муқовимат шоистаи тадрис ва мутолиа аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд, мардуми Яман қатъан мутаҷовизонро шикаст хоҳанд дод. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон низ ишора ва таъкид кард, чиҳил сол аст, ки Амрико ва кулли диктаторҳои ҷаҳон муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон истодаанд, аммо ҳеҷ коре натавонистаанд бикунанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин овозаҳои мунташиршуда дар хусуси саломати ҷисмонии худро такзиб ва эълом кард, дар саломати комил ба сар мебарад.