Март 03, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Амрико 50 тон тилоро аз Сурия ғорат кард

Артиши Амрико ҳудуди 50 тон тиллоро аз Сурия хориҷ кардааст.

Ба гузориши Супутник, хабаргузории давлатии САНА-и Сурия бо истинод ба манобеи маҳаллӣ гузориш додааст, низомиёни амрикоӣ ин тилоҳоро аз шибҳинизомиён гирифта ва дар муқобил қавл додаанд, амнияти онҳоро таъмин кунанд.

Ба иддаои САНА, террористҳо тилоҳои ғораткардаи худро дар наздикии минтақаи маскунии Боғуз дар устони Дайруззури Сурия пинҳон карда буданд, ки яке аз охирин такягоҳҳои шибҳинизомиён аст ва неруҳои мусаллаҳи Амрико онро муҳосира кардаанд.

Гӯё шибҳинизомиён ҳудуди 40 тон тило ба амрикоиҳо таҳвил додаанд.

Илова бар ин низомиёни амрикоӣ пештар ҳудуди 10 тон тило дар дигар махфигоҳҳои террористҳо пайдо карда буданд.

Низомиёни амрикоӣ ин тилоҳоро шабҳангом бо болгардҳо аз маҳал хориҷ кардаанд.

Даргирии мусаллаҳона дар кишвари Сурия аз моҳи марти 2011 то ба ҳол идома дорад.

Тибқи омори Созмони милал дар ин муддат садҳо ҳазор нафар кушта шудаанд.

 

Барчасп