Ифшои ташдиди ихтилоф байни подшоҳ ва валиъаҳди саъудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i42221-Ифшои_ташдиди_ихтилоф_байни_подшоҳ_ва_валиъаҳди_саъудӣ
Рӯзномаи англисии Гордиян ба нақл аз манобеъи мутталиъ дар Арабистони саъудӣ аз ташдиди ихтилоф байни шоҳ ва валиъаҳди Арабистони саъудӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 06, 2019 08:36 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ташдиди ихтилоф байни подшоҳ ва валиъаҳди саъудӣ

Рӯзномаи англисии Гордиян ба нақл аз манобеъи мутталиъ дар Арабистони саъудӣ аз ташдиди ихтилоф байни шоҳ ва валиъаҳди Арабистони саъудӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Гордиян ба нақл аз манобеъи мутталиъ дар Арабистон, аз нишонаҳои физояндаи бурузи ихтилофи шадид байни Малик Салмон бо писар ва валиъаҳдаш Муҳаммад хабар дод.

Ин рӯзнома навишт, ихтилоф байни шоҳ ва валиъаҳди саъудӣ моҳи гузашта дар замони сафари шоҳи Арабистон ба Миср ташдид шуд ва Малик Салмон ҳушдорҳое аз сӯи мушовирони худ дар бораи эҳтимоли тасмими валиъаҳд барои иқдоме алайҳи ӯ иттилоъ пайдо кард.

Гордиян афзудааст, аҳкоме, ки Муҳаммад бин Салмон дар замони сафари шоҳи саъудӣ ба Миср содир кард аз ҷумла мансуб кардани Холид бин Салмон ба унвони муовини вазири дифоъ ва Римо бинт Бандар бин Султон ба унвони сафири Арабистон дар Вашингтон бидуни иттилои Малик Салмон сурат гирифт ва ӯ дар замони ҳузури худ дар Миср аз расонаҳо аз судури ин аҳком иттилоъ пайдо кард ва хашмгин шуд.

Гордиян навиштааст, рафтани Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди саъудӣ ба руи пушти боми Каъба  дар моҳи гузашта ҳам мавҷи хашм ва эътирози шуморе аз олимони саъудиро барангехт ва онҳо ба Малик Салмон эълом карданд ин рафтор ношоист будааст.