Дарсе, ки бозигари машҳури сурӣ ба Трамп дод+ видео
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i42749-Дарсе_ки_бозигари_машҳури_сурӣ_ба_Трамп_дод_видео
Бозигари машҳури сурӣ Дурайд Лаҳҳом ба тасмими раисиҷумҳури Амрико дар бораи баландиҳои Ҷавлони Сурия, ба равиши худи Трамп ба ӯ посух дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 29, 2019 12:35 Asia/Dushanbe

Бозигари машҳури сурӣ Дурайд Лаҳҳом ба тасмими раисиҷумҳури Амрико дар бораи баландиҳои Ҷавлони Сурия, ба равиши худи Трамп ба ӯ посух дод.

Сойти шабакаи "Ал Ахбория"-и Сурия бо интишори як файли видеоии Дурайд Лаҳҳомро дар ҳоле нишон дод, ки ба равиши худи Трамп ба ӯ посух медиҳад.

Дар ин видео Лаҳҳом монанди Трамп варақаеро имзо мекунад, ки дар он иёлати Калифорнияи Амрико ба Мексика эҳдо шудааст.

Вай дар идома таъкид мекунад, ки Ҷавлон як сарзамини сурӣ аст ва ҳамвора сурӣ, боқӣ хоҳад монд.

Баландиҳои Ҷавлон минтақае кӯҳистонӣ аз тавобеи устони Қунайтара дар ҷанубу ғарби Сурия аст, ки режими саҳюнистӣ дар соли 1967 ва дар ҷанги шашрӯза бо аъроб, ҳудуди ҳазору 200 километри мураббаъ аз онро ишғол ва пас аз муддате ин минтақаро ба сарзаминҳои таҳти ишғоли худ замима кард.

Доналд Трамп ҳафтаи гузашта эълом кард, ки баландиҳои Ҷавлонро бахше аз қаламрави Исроил медонад.

Ин изҳори назари Трамп бо мухолифати густурдаи ҷаҳонӣ ва ҳатто вокуниши манфии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯбарӯ шуд.