Ҷамъияти “Алвифоқ” - и Баҳрайн: Режими оли Халифа дар пайи одисозии равобит бо Исроил аст
(last modified 2019-04-13T07:07:13+00:00 )
Апрел 13, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти “Алвифоқ” - и Баҳрайн: Режими оли Халифа дар пайи одисозии равобит бо Исроил аст

Муовини дабири кулли ҷамъияти “Алвифоқ” –и Баҳрайн гуфт, режими оли Халифа аз тариқи одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, ба дунболи касби ҳимоятҳои байналмилалӣ аст.

Ба гузориши як шабакаи телевизионии Баҳрайн, Ҳусайн Аддейҳи, муовини дабири кулли ҷамъияти “Алвифоқ” - и Баҳрайн рӯзи ҷумъа бо ишора ба талоши режими оли Халифа барои ҷуброни аз даст додани машруияташ аз ҷониби мардуми ин кишвар афзуд, ин режим мекӯшад бо ҷалби ҳимояти хориҷӣ, ки одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бахше аз ин муодила аст, касби машрӯият кунад.

Вай гуфт, режими оли Халифа барои ҷуброни заъф ва надоштани маҳбубияти мардумӣ, бо истифода аз саҳюнистҳо ба унвони бахше аз муодилаи ҷадид, дар масири ҷалби ризоияти тарафҳои байналмилалӣ ҳаракат мекунад.

Муовини дабири кулли ҷамъияти “Алвифоқ” – и Баҳрайн одисозии равобити режими оли Халифа бо саҳюнистҳоро дар баробари иродаи мардуми ин кишвар бетаъсир донист ва изҳор дошт, мардуми Баҳрайн бояд мухолифати худро бо мизбонии ҳайати саҳюнистӣ дар Баҳрайн қавиан эълом кунанд.

Қарор аст 15 то 18 апрел конфронси байналмилалии корофаринӣ ба мизбонии Манома ва бо ҳузури ҳайатҳое аз 170 кишвари ҷаҳон баргузор шавад.

Эли Коҳен, вазири иқтисод ва санъати кобинаи режими саҳюнистӣ аз ширкаткунандагон ва суханронон дар ин конфронс хоҳад буд.

 

 

 

Барчасп