Апрел 21, 2019 20:37 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани дастикам чор нафар дар ҳамлаи нерӯҳои пулиси Арабистон

Дар тирандозии пулиси Арабистон ба мухолифони режими Оли Сауд наздики як маркази пулис дар шимоли Риёз - пойтахти ин кишвар, дастикам 4 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, манобеи саудӣ рӯзи якшанбе эълом карданд: Нерӯҳои пулис дар минтақаи "Аззалфо", шимоли шаҳри Риёз ба сӯи мухолифон тирандозӣ карданд.

Мақомоти амниятии Арабистон тавзеҳи бештаре дар бораи иллати даргирии пулис бо мухолифон эълом накардаанд.

Аз замони интисоби Муҳаммад бин Салмон ба унвони валиаҳди Арабистон, ки сиёсатҳои Амрико ва Исроилро дар минтақа дунбол мекунад, даҳҳо нафар аз бозаргонон, рӯҳониён, шоҳзодагон ва уламои ин кишвар дастгир ва зиндонӣ шудаанд.

 

Барчасп