Сентябр 17, 2016 18:43 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густурдаи баҳрайниҳо зидди режими Оли Халифа

Баҳрайниҳо дар ҳимоят аз Шайх Исо Қосим рӯҳонии аршади шиаи Баҳрайн, зидди режими Оли Халифа тазоҳурот карданд.

Ҳазорон баҳрайнӣ дирӯз ва дишаб (ҷумъашаб) дар ҳимоят аз Шайх Исо Қосим, дар минтақаи Алдози Манома (пойтахти Баҳрайн) зидди режими Оли Халифа тазоҳурот ва бо сар додани шиорҳое зидди режими Оли Халифа, бар лағви ҳукмҳои золимонаи ин режим зидди уламо бавижа Шайх Исо Қосим таъкид карданд.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин нисбат ба паёмадҳои вахими ношӣ аз муҳокима Қосим ба режими Оли Халифа ҳушдори ҷиддӣ доданд.

Бо фишори мардуми Баҳрайн, додгоҳи режими Оли Халифа, муҳокимаи Исо Қосимро, ки қарор буд рӯзи панҷшанбеи гузашта баргузор шавад ба 26-уми сентябр мукул кард.

Режими Баҳрайн, июни 2016 тобеияти Шайх Исо Қосимро салб кард, ки ин иқдом вокунишҳои тундеро дар байни шиаёни Баҳрайн ва ҷаҳон барангехт.

Дар ҳамин ҳол, маъмурони режими Оли Халифа бори дигар аз вуруди имоми ҷамоат ва намозгузорони шиа ба масҷиди имом Содиқ (ъ) ва баргузории намози ҷумъа дар минтақа Алдози Манома ҷилавгирӣ карданд.

Баҳрайн аз феврали 2011 саҳнаи эътирозоти мусоламатомези зидди режими Оли халифа аст.

Мардуми Баҳрайн хоҳони ислоҳоти сиёсӣ, озодӣ, барқарории адолат, рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар кишваршон ҳастанд, аммо режими Оли Халифа ҳамвора бо саркӯб, ба эътирози онон посух медиҳад.

 

Барчасп