Май 01, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • 16 фаъоли мадании дигар дар Арабистон боздошт шуданд

Манобеи мутталеи Арабистон имрӯз (чоршанбе) эълом карданд: Риёз дар идомаи сиёсатҳои худ алайҳи фаъолон ва нухбагони донишгоҳии ин кишвар, дар моҳи апрел 16 фаъол, аз ҷумла Хадиҷа Алҳарбӣ, фаъоли иҷтимоии Арабистонро боздошт кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, охирин рӯйхати исмҳои фаъолони боздоштӣ аз сентябри соли 2017 шомили 114 нафар аст, ки 11 тан аз онҳо зан ҳастанд.

Интиқодоти минтақавӣ ва байналмилалӣ алайҳи мақомоти Риёз дар як ҳафтаи ахир ва пас аз эъдоми 37 шаҳрванди Арабистон, ки 33 нафар аз онҳо шиа буданд, афзоиш ёфтааст.

Боздоштшудагон ба шиддат шиканҷа мешаванд, ба наҳвае, ки 5 фаъоли арабистонӣ дар зиндон кушта шуданд ва аъзои хонаводаи зиндониён низ мамнуулхуруҷ ҳастанд.

 

Барчасп