Тазоҳуроти мардуми Лубнон дар маҳкумияти эъдоми 37 шаҳрванди арабистонӣ
Мардуми Лубнон дар минтақаи Зоҳия, дар ҷануби Бейрут, барои маҳкум кардани ҷинояти Арабистон дар эъдоми 37 зиндонӣ таҷаммуъ карданд.
Шуморе аз шаҳрвандони лубнонӣ дар минтақаи Зоҳия дар эътироз ба иқдоми ваҳшиёнаи режими Арабистон дар эъдоми зиндониёни бегуноҳ, дар майдони Шуҳадои муқовимати шаҳри Зоҳия таҷаммуъ ва зидди режими оли Сауд тазоҳурот карданд.
Тазоҳуроткунандагони лубнонӣ бо дар даст доштани овезаҳо ва дастнавиштаҳое, иқдоми давлати Арабистонро маҳкум карданд.
Режими Арабистон сешанбеи 23 апрел сивуҳафт шаҳрванди бегуноҳи ин кишварро ба иттиҳоми масоили амниятӣ эъдом кард.
Пеш аз ин низ Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе таъкид кард, ҳимоят ва иқдомҳои Амрико аз Арабистон муҷиб шуд то ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳифозат ва муроқибат аз ҳуқуқи инсонҳо чашмпӯшӣ кунад ва далели он низ ин аст, ки Вашингтон мехоҳад аз манофеи молӣ ва нафт муҳофизат кунад.