Тахриби 130 хона дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза
Манобеи фаластинӣ аз вайрон шудани 130 хона дар даври ҷадиди таҷовузи артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаи таҳти муҳосираи борикаи Ғазза хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Вазорати машоғили умумии Фаластин рӯзи душанбе эълом кард, дар ҳамалоти артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар ду рӯзи гузашта, 130 хона ба таври комил вайрон шуд ва 700 воҳид ба шакли ҷузъӣ осеб дид.
Дар ҳамалоти дурӯзаи артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, 31 фаластинӣ, аз ҷумла чанд зану кӯдак шаҳид ва 177 шаҳрванди фаластинӣ захмӣ шуданд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин, режими ишғолгари Қудс ваҳшиёнатарин шаклҳои терроризм ва нажодпарастиро зидди мардуми Ғазза ба кор гирифт ва занону кӯдакон ва ширхорагонро ҳадаф қарор дод.
Даври ҷадиди даргирӣ миёни гурӯҳҳои муқовимати Фаластин бо режими саҳюнистӣ аз шомгоҳи ҷумъа бо ҳамлаи ин режим ба манотиқи маскунии Ғазза оғоз ва бо посухи кӯбандаи муқовимат саранҷом мутаваққиф шуд.