Ҳушдори Ансоруллоҳи Яман ба ҷинояти мутаҷовизони Саудӣ дар Санъо
Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, нерӯҳои яманӣ дар ояндаи наздик интиқоми хуни занон ва кӯдакони бегуноҳеро, ки дар бомбаборони ахири душмани мутаҷовизи Саудӣ ба Санъо ба хоку хун кашида шуданд, хоҳанд гирифт.
Дар ҳамалоти ҳавоии субҳи имрӯз (панҷшанбе)-и мутаҷовизони Саудӣ ба манотиқи маскунии шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дастикам 30 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шуданд.
Абдулваҳоб Ал Маҳбашӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман имрӯз (панҷшанбе) дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал Масира гуфт, ин ҷиноят, ки душмани мутаҷовизи Саудӣ беш аз чаҳор сол аст дар ҳаққи мардуми Яман дар ҳамаи шаҳрҳо ва рустоҳо муртакиб мешавад, дар муқобили дидагони ҷомеаи байналмилал иттифоқ меафтад, аммо ҷомеаи байналмилал бо сукути худ бо этълофи мутаҷовиз дар рехтани хуни мардуми бегуноҳи Яман, ҳамроҳӣ ва ба таври ғайримустақим онро таъйид мекунад.
Вай тасреҳ кард, иқдоми душмани мутаҷовиз дар рехтани хунҳои поки бегуноҳон нишондиҳандаи тангное аст, ки ҳукуматҳои муздур дар он гирифтор омадаанд то онҷо, ки хуни мардуми бегуноҳро мерезанд, зеро аз муқобилаи тан ба тан бо муборизони яманӣ нотавон ҳастанд ва ба ҳамин иллат шаҳрвандонро ҳадаф қарор медиҳанд.
Юсуф Ал Ҳозирӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман низ изҳор дошт, душмани мутаҷовиз бомдоди имрӯз (панҷшанбе) хонаҳои маскунӣ ва мардуми рӯзадори яманиро ҳадаф қарор дод ва ин иқдом бо ҳеҷ меъёри динӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ созгор нест.
Абдулваҳоб Ал Хайл, вакил ва фаъоли ҳуқуқии яманӣ ҳам дар гуфтугӯ бо Ал Масира гуфт, ин ҷиноят вокуниши забунона ба муваффақияти нерӯи ҳавоии Яман аст, ки тавонист бо муваффақияти таъсисоти нафтии Арабистони Саудиро ҳадаф қарор диҳад.