Май 26, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • 450 кудаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Маркази мутолиот ва мустанадсозии ҳайъати умури асирон ва озодагони Фаластин эълом кард, ҳамакнун беш аз 450 кудаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд.

Абдулносир Фарвона раиси Маркази мутолиот ва мустанадсозии ҳайъати умури асирон ва озодагони Фаластин гуфт, миёнгини солонаи боздошти кудакони фаластинӣ дар солҳои 2000 то 2017 ҳудуди 700 нафар буда ва дар 8 соли гузашта низ миёнгини солонаи боздошти кудакони фаластинӣ ба 1250 нафар расидааст.

Режими саҳюнистӣ аз 28 сентябри соли 2000 то кунуни 16500 кудаки фаластиниро боздошт кардааст.

Ҳамчунин аз соли 1967 токунун беш аз 50 ҳазор кудаки фаластинӣ ба дасти муздурони ин режим боздошт шудаанд.

 

Барчасп