Даргирӣ дар минтақа қимати нафтро ба 400 доллар мерасонад
Нахуствазири пешини Ироқ зимни таъйиди мавозеи мустақили Бағдод дар нишасти Макка дар хусуси паёмадҳои ҳар гуна даргирии эҳтимолӣ дар минтақа ҳушдор дода гуфт, ин амр қимати ҳар бушка нафтро ба 400 доллар хоҳад расонд.
Ба гузориши ИРНА, Нурӣ Алмоликӣ, нахуствазири пешини Ироқ ва раиси ҷиноҳи "Давлати қонун" дар парлумони ин кишвар тасреҳ кард, ҳама раҳбарони араб бояд монанди раисҷумҳури Ироқ амал кунанд, ки ҳам таҷовуз ба ҳар як аз кишварҳои ҳамсояи Ироқро рад ва ҳам бар ҳимоят аз масъалаи Фаластин таъкид кард. Нурӣ Аламолкӣ ҳамчунин афзуд, Эрон дар муқобили Амрико таслим нашуд ва Вашингтон низ аз истифодаи забони таҳдиди доимӣ ақибнишинӣ кардааст. Бар ин асос вазъияти кунунӣ баёнгари ин аст, ки авзои минтақа рӯ ба оромиш аст.
Браҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ панҷшанбеи гузашта дар Макка бо баёнияи поёнии нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодия Араб, ки дар он Эронро ба унвони таҳдиде барои минтақа муаррифӣ карда буд, мухолифат ва бар зарурати ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ таъкид кард. Ҳамчунин Аёд Алавӣ, нахуствазири пешин ва раиси ҷиноҳи "Алватания» дар парлумони Ироқ рӯзи душанбе дар паёми мактуб ба Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Саудӣ, дабири кулли Созмони Милал, Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Кишварҳои Исломӣ дар хусуси табаоти таниш дар минтақа ҳушдор дод. Алавӣ ҳамчунин бар зарурати эҷоди равобити миёни кишварҳо бар мабнои эҳтироми ҳокимияти давлатҳо ва дахолат накардан дар умури дигарон таъкид кардааст.