Оташ задани рустое дар ғарби Яман тавассути муздурони саудӣ
(last modified Sun, 16 Jun 2019 16:14:24 GMT )
Июн 16, 2019 21:14 Asia/Dushanbe
  • Оташ задани рустое дар ғарби Яман тавассути муздурони саудӣ

Муздурони саудӣ як русто дар минтақаи Байтулфақияи вилояти Алҳудайда, дар ғарби Яманро оташ заданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи “Алолам”, мутаҷовизони саудӣ ҳамчунин манотиқе дар шаҳри Алҳудайда, аз ҷумла минтақаи Алҳайсро ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаии худ қарор доданд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ минтақаи “Оли Алӣ” дар шаҳристони Розаҳ, дар устони Саъда, шимоли Яманро дар ду навбат бомбаборон карданд.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.