Эътирози фаластиниҳо ба тарҳи "муомилаи қарн" + видео
Июн 24, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
Фаластиниҳои сокини шаҳрҳо ва манотиқи мухталиф рӯзи душанбе дар маҳкумияти нишасти иқтисодии Баҳрайн, ки ба ибтикори давлати Амрико ва ҳимояти бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистон баргузор хоҳад шуд, роҳпаймоӣ карданд.
Муътаризони фаластинӣ дар ин тазоҳурот тобути намодини тарҳи "муомилаи қарн" - ро ташйиъ карданд ва зимни сар додани шиор зидди сарони созишкори араб, хостори соқит кардани ин тавтеа шуданд.