Июл 01, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Амира - қурбонии ҷадиди ҷиноёти оли Сауд дар Яман

Муҳосираи фурудгоҳи Санъо, пойтахти Яман ва мухолифати эътилофи саудӣ бо сафари дармонии як хонаводаи яманӣ барои дармони навзоде чандмоҳа, сабаби марги ин навзод шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, як навзоди яманӣ ба номи Амира Абдуллоҳ Алзоиди, ки дучори нақс дар даричаҳои қалб буд, ҷони худро дар ҳоле аз даст дод, ки хонаводааш дархостҳои мукарраре барои сафар ба хориҷ бо ҳадафи дармони ӯ доштанд, аммо дар натиҷаи муҳосираи фурӯдгоҳи Санъо ва мухолифати эътилофи саудӣ бо сафари онҳо, Амираи хурдсол ҷони худро аз даст дод.

Image Caption

 

Маръи Алъомири, фармондори шаҳристони Сироваҳ, дар ғарби Яман гуфт, мақомоти маҳаллӣ дархосте ба дафтари Созмони Милал дар Санъо таҳвил доданд то ба хонаводаи Алзоиди иҷозаи сафар ба хориҷ дода шавад, аммо эътилофи саудӣ дархости дафтари Созмони Милалро рад кард.

Бар асоси ин гузориш, мушкили қалбии Амира - асари инфиҷори бомбаҳои хӯшаӣ ва газҳои заҳролуди эътилофи саудӣ дар даврони ҷанинии ӯ будааст.

Алъомири фавти Амираро лакаи нанге бар пешонии Созмони Милал донист, ки дар наҷоти ҷони ин навзод ва ҳазорон бемори ямании дигар шикаст хурдааст.

Image Caption

 

Фурӯдгоҳи Санъо аз августи соли 2016 то кунун ба далели муҳосираи саудӣ -иморотии мавриди ҳимояти Амрико баста аст.

Амира яке аз ҳазорон бемори яманӣ буд, ки барои дармон ниёзманди фиристодан ба хориҷ аз Яман буд.

Юсуф Алҳозири, сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман ҳам гуфтааст, ки баста шудани фурӯдгоҳи Санъо то кунун боиси марги беш аз 30 ҳазор бемори яманӣ шудааст.

 

 

 

Барчасп