Июл 02, 2019 11:12 Asia/Dushanbe
  • Гузориши телевизиони режими саҳюнистӣ дар бораи афзоиши ихтилолоти равонии шаҳракнишинон

Канали 13 телевизиони Исроил гузориш дод, ихтилолоти равонии шаҳракнишинони исроилии сокини шаҳракҳои наздики Ғазза ба далели даргириҳо ру ба афзоиш аст.

Телевизиони режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе гузориш дод, пас аз чанд давр таниш аз оғози соли равон то кунун теъдоди ашхосе, ки дар шаҳракҳои наздики борикаи Ғазза ба мушкилот ва ихтилолоти равонӣ дучор шудаанд, афзоиш пайдо кардааст.

Бар асоси ин гузориш теъдоди равонпизишкон ва коршиносони мушкилот ва хитилолоти равонӣ дар шаҳракҳои муҷовири Ғазза кам аст ва ҷавобгӯи теъдоди болои беморон нест.

Ҳудуди ду моҳ пеш як маркази равондармонии исроилӣ эълом кард таи ҷанги дурӯзаи ахир дар борикаи Ғазза ҳудуди 1000 саҳюнистӣ, ки дучори ҳолати ҳарос ва изтироб шуда буданд, ба ин марказ муроҷеа карданд.

Бар асоси ин гузориш дар паи танишҳои соли гузашта дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мизони муроҷеа ба марказҳои равондармонии Исроил 40 дарсад афзоиш дошта ва аз 780 маврид дар соли 2017 ба як ҳазору 300 маврид дар соли 2018 расидааст.

Барчасп