Июл 11, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Аун: таҳрими Ҳизбуллоҳ беэҳтиромӣ ба Лубнон аст

Раиси ҷумҳури Лубнон гуфт, таҳримҳои Амрико зидди намояндагони Ҳизбуллоҳ беэҳтиромӣ ба Лубнон аст.

Мишел Аун раиси ҷумҳури Лубнон рӯзи чаҳорашнбе аз давлати Амрико хост аз таҳримҳои ин кишвар зидди намояндагони Ҳизбуллоҳ дар парлумони Лубнон сарфи назар кунад.

Раиси ҷумҳури Лубнон тасреҳ кард, таҳримҳои Амрико зидди намояндагони Ҳизбуллоҳ дар парлумони Лубнон  бо мавозеи пешини Амрико дар тазод аст, мавзеъе, ки пойбандии Лубнон ва бонкҳои ин кишварро ба қавонини мубориза бо пулшуӣ таид мекунад.

Набиҳ Берӣ раиси парлумони Лубнон ҳам дар вокуниш ба иқдоми Вашингтон зидди намояндагони Ҳизбуллоҳи Лубнон  эълом кард таҳримҳои Амрико  зидди намояндагони Ҳизбуллоҳ дар парлумони Лубнон  таарруз ба ҳокимияти Лубнон аст.

Вазорати хазонадории Амрико ахиран бо афзудани номи чанд нафар аз намояндагони Ҳизбуллоҳ дар руйхатти таҳримҳои худ аз давлати Лубнон хост то иртиботи худро бо ин ашхос қатъ кунад.

Иқдоми Амрико зидди намояндагони Ҳизбуллоҳи  Лубнон  дар ҳолест, ки ин гуруҳ аз ҷойгоҳ ва мақбулияти мардумӣ дар ҷомеаи Лубнон бархурдор аст.

Барчасп