Посухи мушакии муқовимати Фаластин ба ҷиноятҳои режими Саҳюнистӣ
(last modified Sat, 13 Jul 2019 08:59:27 GMT )
Июл 13, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Посухи мушакии муқовимати Фаластин ба ҷиноятҳои режими Саҳюнистӣ

Муқовимати Фаластин ҷумъа шаб дар посух ба ҷиноятҳои режими Саҳюнистӣ, шаҳраки саҳюнистнишини Eshkol дар ҷунуби Фаластини ишғоли ро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

Хабаргузории фаластинии Маъо эълом кард, як фарванд мушак аз Борикаи Ғазза ба самти шаҳраки Eshkol шилик шудааст.

Бар асоси эъломи Маъо, пас аз ин ҳамлаи мушакӣ, ожирҳои хатар дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ба садо даромадааст.

Саҳюнистҳо аз ҳамлаи мушакии нерӯҳои муқовимати Фаластин ваҳшат кардаанд.

Ҳануз ҷузиёти бештаре аз ин ҳамлаи мушакӣ гузориш нашудааст.

Ҷангандаҳо, болгардҳо, паҳподҳо ва тупхонаи режими Саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир борҳо минтақаҳои мухталифи Борикаи Ғазза ро ҳадаф қарор додаанд.

Режими Саҳюнистӣ аз декабри 2017 даври нави ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Борикаи Ғазза ро дар дастури кори худ қарор додааст.

Дар ҳамлаҳои режими Саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза то кунун ҳазорон Фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд.

Борикаи Ғазза аз соли 2006 таҳти муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии Исроил қарор дорад ва сокинони ин Борика бо мушкилоти бисёре рӯ ба рӯ ҳастанд.

Барчасп