Кашфи гӯри дастаҷамъии кӯдакону занони эъдомшуда дар Ироқ
Як муассиса дар Ироқ аз кашфи гӯри дастаҷамъии ҷадиде хабар дод, ки дар он пайкари 70 зану кӯдаки курд дафн шудааст.
Ба нақл аз ИСНА, Муассисаи шуҳадои вобаста ба давлати Ироқ рӯзи сешанбе дар баёнияе бо ишора ба кашфи гӯри дастаҷамъии ҷадиде дар минтақаи "Ашшайхия" дар саҳрои "Ассамова" эълом кард. Аз гӯристони ҷадид ҷасадҳои 70 зан ва кӯдак, ки ба зарби гулӯла эъдом шуда буданд, кашф ва шиносоӣ шуд, ки синни ин кӯдакон як то ду сол ва занон ҳудуди 40 сол будааст.
Дар идомаи ин баёния омадааст: Ду гӯри дигар низ дар наздикии ин гӯри дастаҷамъӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати муҷаввизҳои қонунӣ, онҳо низ набш хоҳанд шуд.
Дар моҳи апрели гузашта ҳам як гӯри дастаҷамъии курдҳо аз қурбониёни режими собиқи Ироқ дар саҳрои "Ассамова" кашф шуда буд.