Июл 30, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии яманӣ ба пойгоҳи Малик Холид-и Арабистон

Нерӯи паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, дар посух ба ҷинояти нави эътилофи саудӣ дар вилояти Саъдаи Яман пойгоҳи Малик Холид дар вилояти Асир ҷануби Арабистонро ҳадаф қарор дод.

Ба нақл аз Садо ва Симо, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, паҳподҳои Қосиф-к2- и артиши Яман, ошиёнаи ҷангандаҳо, анборҳои таслиҳот ва таҷҳизоти пойгоҳи ҳавоии Малик Холидро бомборон кардаанд.

Яҳё Алсариъ хотир нишон кард ин амалиёт дар посух ба идомаи ҳамлаҳо ва ҷиноятҳои эътилофи саудӣ сурат гирифтааст.

Дар ҳамлаи рӯзи душанбеи ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба бозоре дар минтақаи Қатабир дар вилояти Саъда шимоли Яман камаш 14 нафар кушта ва 23 нафар низ захмӣ шуданд.

Дар миёни захмиҳо 11 кудак вуҷуд дорад.

Арабистон бо ҳимояти Аморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ ру ба ру кардааст.

Барчасп