Июл 30, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати саудиҳо бо тарҳи байналмилалӣ шудани идораи ҳаҷ

Мушовири подшоҳи Саудӣ ҳар гуна иқдомеро барои ташкили Кумитаи байналмилалии идораи маросими ҳаҷ рад кард.

Холид Алфайсал, мушовири подшоҳи Саудӣ ва амири минтақаи Макка гуфт, режими Саудӣ иҷоза намедиҳад, маросими ҳаҷ сиёсӣ шавад.

Пешниҳоди идораи маросими ҳаҷ аз сӯйи як кумитаи байналмилалӣ солҳост, ки аз сӯйи кишварҳо ва маҳофили мухталифи исломӣ матраҳ мешавад, аммо мақомоти режими Арабистон ҳамвора бо он мухолифат кардаанд.

Бештарин дархостҳо барои байналмилалӣ шудани идораи ҳаҷ пас аз он сурат гирифт, ки саудиҳо барои вуруд, интиқол ва истиқрори ҳоҷиёни қатарӣ коршиканӣ карданд ва мавонее низ барои ҳоҷиҳои эронӣ, яманӣ ва либиёӣ ба вуҷуд оварданд.

Хабари дигар ин ки манобеи Саудӣ эълом карданд, меҳмонхонаи маҳалли истиқомати ҳоҷиҳои фаластинии эъзомӣ аз Ғазза дар Маккаи мукаррама дучори оташсӯзӣ шудааст. Ҳанӯз оморе аз масдумони эҳтимолии ин оташсӯзӣ гузориш нашудааст.

 

Барчасп