Август 04, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди уламои Яман аз режими Оли Сауд дар хусуси масъалаи ҳаҷ

Анҷумани уламои Яман сиёсикориҳои режими Оли Сауд дар хусуси масъалаи ҳаҷро офате барои муқаддасоти исломӣ донист.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Алаҳд"-и Лубнон, анҷумани уламои Яман бо судури баёнияе вуҷуди пойгоҳҳои низомии Амрико ва Англия дар атрофи Арабистонро хатаре барои Ҳарамайни Шарифайн тавсиф кард.

Сиёсӣ кардани ҳаҷ ва татбиқи он ба навъи робитаи Арабистони Саудӣ бо кишварҳои мусулмон, мавзӯе аст, ки бахусус тайи солҳои ахир тавассути сарони Оли Сауд дунбол мешавад.

Пешниҳоди идораи маросими ҳаҷ аз сӯи Кумитаи байналмилалӣ аз сӯи кишварҳо ва маҳофили мухталифи исломӣ матраҳ шудааст, ки мақомоти режими Арабистон ҳамвора бо он мухолифат кардаанд.

 

Барчасп