Август 25, 2019 13:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии артиши Яман ба фурудгоҳи Абҳа-и  Арабистон

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо паҳподҳои "Қосиф К2" фурудгоҳи байналмиллалии Абҳа дар устони Асир дар ҷануби Арабистонро ҳадаф қарор дод.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии шабакаи телевизионии Алмасира, Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман рӯзи якшанбе бо судури баёнияе эълом кард, ҳамлаи дақиқи паҳподҳои модели "Қосиф К2" ба фурудгоҳи Абҳа муҷиби ихтилол дар парвозҳои ин фурудгоҳ шудааст.

Ба гуфтаи Яҳё Сариъ ҳамла ба фурудгоҳи Абҳа дар посух ба иқдомоти ҷинояткорона, идомаи муҳосираи мардуми Яман ва ҳамалоти ҳавоии мудовими Арабистон анҷом шудааст.

Фурудгоҳи Абҳа дар ҳафтаҳои ахир борҳо тавассути нерӯҳои паҳподӣ ва мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳадаф қарор гирифтааст.

Арабистон аз ин фурудгоҳи ба зоҳир ғайри низомӣ, барои омодасозӣ ва пуштибонии ҷангандаҳое истифода мекунад, ки беш аз чаҳор сол аст минтақаҳои мухталифи Яманро бомборон мекунанд.

Барчасп