Мушорикати 60 ширкати эронӣ ва 16 ширкати уммонӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Димишқ
(last modified 2019-08-28T16:05:47+00:00 )
Август 28, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати 60 ширкати эронӣ ва 16 ширкати уммонӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Димишқ

Раиси Утоқи тиҷории муштараки Эрон ва Сурия аз мушорикати 60 ширкати эронӣ дар намоишгоҳи байналмилалии Димишқ хабар дод.

Раиси Утоқи тиҷории муштараки Эрон ва Сурия бо ишора ба мушорикати 60 ширкати эронӣ дар шастуякумин даври Намоишгоҳи байналмилалии Димишқ гуфт, ки вазири маскани Эрон ба унвони раиси Кумитаи муштараки Сурия ва Эрон дар ифтитоҳияи намоишгоҳ ҳузур хоҳад дошт.

Ба гузориши “Форс”, Фаҳд Дарвеш афзуд, ки ширкатҳои бузурги эронӣ, иборат аз санъатӣ ва тиҷорӣ ба хусус дар заминаи бозсозӣ ва умрон дар ин намоишгоҳ мушорикат доранд ва эҳтимоми зиёде ба мавзӯи бозсозӣ доранд ва нақши зиёде низ дар раванди бозсозии Сурия хоҳанд дошт.

Дар ҳамин иртибот Закариё Алғасони, раиси Кумитаи намоишгоҳҳо, конфронс ва нишастҳои Утоқи бозаргонии Уммон гуфт, ки беш аз 16 ширкати уммонӣ низ дар ин намоишгоҳ мушорикат доранд.

Вай таҷрибаи мушорикат дар ин намоишгоҳро муҳим хонд ва афзуд, ки теъдоди аъзои ҳайати уммонӣ зиёд ва беш аз 40 нафар аст.

Як манбаи масъул дар Вазорати иқтисод ва бозаргонии хориҷӣ низ гуфт, ки як ҳайати бузург аз бозаргонони иморотӣ рӯзи сешанбе (дирӯз) вориди Димишқ шуданд ва бо Сомир Алхалил, вазири иқтисоди Сурия дидор ва дар бораи роҳкорҳои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва табодулоти тиҷорӣ байни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ин севумин даври баргузории намоишгоҳи мазкур аз замони оғози буҳрон дар Сурия аст ва ин намоишгоҳ ба муддати чанд сол мутаваққиф шуда ва панҷоҳунуҳумин даври он дар соли 2017 баргузор шуд.

Ба гуфтаи Сомир Алхалил, вазири иқтисод ва бозаргонии хориҷии Сурия 38 кишвари арабӣ ва хориҷӣ бо беш аз 1700 ширкат дар ду бахши давлатӣ ва хусусӣ дар ин намоишгоҳ мушорикат доранд.