40 ширкати амниятии хориҷӣ дар Ироқ муттаҳам ба фаъолияти ҷосусӣ
(last modified Mon, 02 Sep 2019 15:34:54 GMT )
Сентябр 02, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  •  40 ширкати амниятии хориҷӣ дар Ироқ муттаҳам ба фаъолияти ҷосусӣ

Чиҳил ширкати амниятии хориҷӣ дар Ироқ муттаҳам ба фаъолияти ҷосусӣ ҳастанд.

Як манбаи амниятии Ироқ аз иттиҳомоти ҷосусии чиҳил ширкати хориҷии ҳозир дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, ин манбаи амниятӣ гуфт, ки иттиҳоми бархе аз ин ширкатҳо ҷосусӣ аст ва бархеи дигар низ “артишҳое ҳастанд, ки ҳокимияти Ироқро нақз мекунанд”.

Манбаи мазкур гуфт, фишорҳое вуҷуд дорад то ба ҳузури ин ширкатҳо поён дода шавад ва иқдомоти ҳимоятӣ аз нерӯҳои ироқӣ сурат гирад.

Вай бо ин иддао, ки ин фишорҳо ғайримантиқӣ аст ва ба “амнияти ҳайатҳои хориҷӣ иртибот дорад, ки бо онон, қарордод баста шудааст”, изҳор дошт, ки ин фишорҳо ҷиддӣ аст.

Аз сӯи дигар, як масъули амниятӣ эълом кард, ки давлати Ироқ авлавиятҳои ширкатҳои амниятии ҳозир дар ин кишварро ҳифз карда ва муҷаввизи ҳеҷ амали ғайриқонунӣ ба нерӯҳои ин ширкатҳо дода нашудааст.