Сентябр 03, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Посухи қудратмандонаи Ҳизбуллоҳ ба режими саҳюнистӣ (гузориши вижа)

Ҳизбуллоҳи Лубнон асри якшанбе эълом кард, ки як худрави артиши режими саҳюнистиро дар шимоли Фаластини ишғолӣ дар посух ба ҳамлаи ин режим дар Сурия ҳадаф қарор додааст.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ бо таъйиди ин ҳамла эълом кард, ки як мушаки зидди танк аз Лубнон ба самти шимоли Исроил шиллик шудааст. Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва артиши ин режим пас аз ин ҳамла иддао карданд, ки ин амалиёт ҳеҷ гуна талафоте барои ишғолгарон надошта, вале расонаҳои саҳюнистӣ бар хилофи баёнияи артиши ин режим ва Натаняҳу эътироф карданд, ки дар ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба шимоли Исроил (Фаластини ишғолӣ) дастикам ду низомӣ захмӣ шудааст.

Ҳамкорамон Халилӣ дар гузориши вижа ин мавзӯъро пайгирӣ кардааст.

 

Барчасп