Сентябр 07, 2019 20:18 Asia/Dushanbe
  • Як мошини низомии саҳюнистӣ ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ аз Ғазза қарор гирифт

Манобеи хабарӣ дар режими саҳюнистӣ аз ҳамлаи як ПАҲПОД, ки аз Ғазза бархостааст, хабар доданд ва дар натиҷаи он як мошини низомӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

Авихай Адаръи, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт, ПАҲПОД-т кӯчаке, ки аз ҷанубт Ғазза ворид шудааст, зоҳиран бастае инфиҷорӣ дар маҳдудаи марзӣ раҳо карда ва фавран ба дохили навори Ғазза бозгаштааст. Касе масдум нашуда, аммо хисорате ҷузъӣ ба мошини низомӣ ворид шудааст.

Ба гузориши “Форс”, дар ҳамин иртибот, артиши режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба нуқтае дар ҷануби навори Ғазза муддаӣ шуд, ки ба ин ҳамлаи паҳподӣ посух додааст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ имрӯз аз як амалиёти фарде фаластинӣ дар шаҳре воқеъ дар шарқи Каронаи бохтарӣ ҳам хабар доданд. Дар ин амалиёт, ки бо истифода аз силоҳи сард анҷом шуда, ду то се саҳюнист захмӣ шудаанд, ки ҳоли яке аз онҳо вахим аст.

Рӯзномаи “Маорио” дар вебсайти худ гузориш кард, ки низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар маҳалли амалиёт мустақар шудаанд ва зоҳиран муҷрии амалиёт як навҷавони понздаҳсолаи фаластинӣ будааст.