Сентябр 14, 2019 10:38 Asia/Dushanbe

Манобеи хабарии Арабистони Саудӣ аз вуқӯи инфиҷори ваҳшанок ва оташсӯзӣ дар таъсисоти нафтии “Арамко” дар шарқи ин кишвар хабар доданд.

Хабаргузории “Асошейтед Пресс” субҳи шанбе ба нақл аз як канали моҳвораии мутааллиқ ба Арабистони Саудӣ аз инфиҷор ва оташсӯзӣ дар таъсисоти нафтии “Арамко” дар шарқи ин кишвар хабар дод, аммо иллати онро мушаххас накард.

Ба навиштаи торнамои “Асошейтед пресс”, видеоҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуълаҳои азимиро дар уфуқи ин минтақа ба ҳамроҳи садои шиллики гулӯла нишон медиҳад.

Шабакаи хабарии “Аларабия” низ гузорише аз оташсӯзӣ дар ин таъсисот, дар устони Шарқия мунташир кард.

Расонаҳои расмии Саудӣ ва ҳамчунин мақомҳои ин кишвар то кунун вокунише ба ин хабар надоштаанд.

Ахиран артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар вокуниш ба ҳамалоти эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон, бо 10 ПАҲПОД майдон ва полоишгоҳи нафтии “Аш-Шиба”, вобаста ба ширкати миллии нафти Арабистон (Арамко), воқеъ дар шарқи ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Майдон ва полоишгоҳи мазкур бузургтарин махзани нафтии Арабистон бо зарфияти як миллиард бушка нафт аст.

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп