Ансоруллоҳ: Паҳподҳои мо бумӣ аст ва дар Яман сохта мешавад
(last modified Mon, 16 Sep 2019 07:13:16 GMT )
Сентябр 16, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Паҳподҳои мо бумӣ аст ва дар Яман сохта мешавад

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт, паҳподҳо ё ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Яман воридотӣ нест, балки дар Яман сохта мешавад.

Абдулваҳҳоб АлМаҳбаши, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи якшанбе дар суханоне эълом кард, ки паҳподҳои Яман аз кишвари дигаре ворид намешавад.

Вай гуфт, паҳподҳои Яман воридотӣ нест, балки бумӣ аст ва дар Яман сохта мешавад.

Ба гузориши “Форс”, вай ин изҳори назарро дар посух ба суоли муҷрии як шабакаи телевизионии арабӣ дар бораи ин ки оё Яман паҳподҳои худро аз дигар кишварҳо ворид мекунад, баён доштааст.

Қудрати паҳподии Яман ба хусус пас аз ҳамалоти ахири паҳподҳои артиши ин кишвар ба ду полоишгоҳи “Абқайқ” ва “Хурайс” -и ширкати “АРАМКО” дар шарқи Арабистон, ба чолише барои Арабистон табдил шудааст.

Дар ҳамин иртибот, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” навишт, ки тавони паҳподии яманиҳо чолише барои Арабистони Саудӣ эҷод карда, ки Риёз бо таслиҳоти гаронқимат ҳам тавони муқобила бо онро надорад.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” рӯзи якшанбе дар гузорише бо мавзӯи посухи паҳподии ахири Ансоруллоҳ ва артиши Яман ба ҳамалоти Арабистони Саудӣ навиштааст, ки тавони паҳподии Яман Риёзро бечора кардааст.

Ин рӯзнома бо ишора ба амалиёти паҳподии рӯзи шанбе алайҳи таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ дар ду минтақаи “Абқайқ” ва “Хурайс” навиштааст, ин ҳамалот на танҳо осебпазирии Арабистони Саудӣ дар ҷанг алайҳи ҳусиҳоро бармало кард, балки нишон дод, ки анҷоми чунин ҳамалоти муҳиме то чӣ ҳад камҳзина шудааст