Сентябр 21, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар устони Карбалои Ироқ

Расонаҳои ироқӣ ҷумъашаб аз вуқӯи як инфиҷори террористӣ дар шимоли устони Карбало хабар доданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар ин инфиҷор, ки дар як маркази исти бозрасӣ дар шимоли устони Карбало рӯй дод, 9 нафар куштаву 4 нафар захмӣ шуданд. Манобеи ироқӣ эълом карданд, як бомба дар дохили як автобус мунфаҷир шудааст.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳануз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда даст ба иқдомоти террористӣ мезананд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 бо ҳимоятҳои моливу низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбиву арабии ин кишвар, аз ҷумла Арабистон, бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳои васее аз манотиқи шимоливу ғарбии ин кишварро ишғол ва ҷиноёти бешуморе анҷом дод. Ба дунболи он Ироқ аз Эрон хост ба Бағдод дар мубориза бо террористҳо кумак кунад.

Нерӯҳои ироқӣ бо кумакҳои мусташории ҷумҳурии исломии Эрон, ҷумъаи 17 ноябри 2017 муваффақ шуданд шаҳри Рова дар устони Аланбор (ғарби Ироқ, охирин пойгоҳи ДИИШ дар Ироқ) - ро озод кунанд. Бо озодсозии ин шаҳр амалан кори ДИИШ дар Ироқ тамом шуд.

 

 

 

Барчасп