Оташсӯзии маҳиб дар истгоҳи қатори шаҳри Ҷиддаи Арабистон
Сентябр 29, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
Яке аз истгоҳҳои қатори шаҳри Ҷидда дар Арабистон дучори оташсӯзӣ шуда ва бархе аз мусофирон дохили он баста шуданд.
Расонаҳои арабистонӣ аз оташсӯзии густурда дар истгоҳи "Алҳарамайн"-и шаҳри Ҷидда дар ғарби Арабистон хабар доданд.
Дар ҳоли ҳозир оташнишонон талош доранд афроди дар дохили истгоҳ басташударо хориҷ кунанд.
Ҳанӯз аз иллати оташсӯзӣ хабаре дар даст нест, аммо сутуни дуди ғализе аз масофати бисёр дур низ қобили мушоҳида аст.
Барчасп