Оташсӯзии маҳиб дар истгоҳи қатори шаҳри Ҷиддаи Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i47133-Оташсӯзии_маҳиб_дар_истгоҳи_қатори_шаҳри_Ҷиддаи_Арабистон
Яке аз истгоҳҳои қатори шаҳри Ҷидда дар Арабистон дучори оташсӯзӣ шуда ва бархе аз мусофирон дохили он баста шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 29, 2019 13:41 Asia/Dushanbe

Яке аз истгоҳҳои қатори шаҳри Ҷидда дар Арабистон дучори оташсӯзӣ шуда ва бархе аз мусофирон дохили он баста шуданд.

Расонаҳои арабистонӣ аз оташсӯзии густурда дар истгоҳи "Алҳарамайн"-и шаҳри Ҷидда дар ғарби Арабистон хабар доданд.

Дар ҳоли ҳозир оташнишонон талош доранд афроди дар дохили истгоҳ басташударо хориҷ кунанд.

Ҳанӯз аз иллати оташсӯзӣ хабаре дар даст нест, аммо сутуни дуди ғализе аз масофати бисёр дур низ қобили мушоҳида аст.