Ҳадяи 16 миллиондолларии Саъд АлҲарирӣ ба мудели африқоӣ дар шароити буҳрони молии Лубнон
(last modified 2019-10-01T11:36:17+00:00 )
Октябр 01, 2019 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳадяи 16 миллиондолларии Саъд АлҲарирӣ ба мудели африқоӣ дар шароити буҳрони молии Лубнон

Як рӯзномаи амрикоӣ гузориш дод, нахуствазири Лубнон чанд соли пеш маблағи ҳангуфтеро ба унвони ҳадя барои як мудели аҳли Африқои Ҷанубӣ ворез кардааст.

Ба гузориши “Форс”, “Ню-Йорк Таймс”, як рӯзномаи амрикоӣ, ки ба асноди қазоӣ дар Африқои Ҷанубӣ даст ёфтааст, менависад, ки Саъд АлҲарирӣ дар соли 2013 маблағе ба мизони 16 миллион долларро ба як мудели аҳли ин кишвар ҳадя додааст.

АлҲарирӣ бо он мудели африқоӣ дар як тафарруҷгоҳ (макони тафреҳӣ) - и соҳилии люкс дар ҷумҳурии Сейшл ошно шуда ва робитае низ бо ҳам доштаанд.

Бар ин асос, АлҲарирӣ дар он замон мутасаддии пости нахуствазирии Лубнон набуда ва интиқоли пул низ ба назари ҳеҷ кадом аз қавонини ин кишвар ё Африқои Ҷанубиро нақз накардааст. Аммо ифшои хабари базлу бахшиши ҳангуфти ӯ дар замоне, ки Лубнон дар остонаи бурузи буҳрони молӣ аст, аҳамият дорад.

“Ню-Йорк Таймс” дар идомаи ин гузориш навишт: “Буҳрони молии дар ҳоли зуҳур дар Лубнон боиси тазоҳуроти зиддидавлатӣ шудааст. Ҳамчунин АлҲарирӣ ва давлати Лубнон қасд доранд дар моҳи ҷорӣ вазъияти изтирории иқтисодӣ дар ин кишвар эълом карда ва иқдомоти риёзатӣ дар пеш бигиранд.

Бар ин асос, АлҲарирӣ ва тими расонаии ӯ ба суолоти ин рӯзнома дар бораи ҳадяи 16 миллиондолларӣ ё робитае, ки бо мудели мазкур дошта, посух надоданд. Бо ин ҳол АлҲарирӣ ин ҳадяро дар фосила замонии байн ду нахуствазирии худ пардохт кардааст.

 

Барчасп