Дидори ҳайате аз Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ бо таҷаммуъи олимони мусалмони Лубнон дар Зоҳияи ҷанубии Байрут
(last modified 2019-10-03T09:05:20+00:00 )
Октябр 03, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҳайате аз Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ бо таҷаммуъи олимони мусалмони Лубнон дар Зоҳияи ҷанубии Байрут

Ҳайати Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар дидори таҷаммуъи олимони мусалмон: пирӯзии ҳатмии меҳвари Муқовимат ба раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳад буд.

Ҳайате аз Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ба раёсати Ҳусайни Шайхулислом масъули равобити байналмиллали ин маҷмаъ бо таҷаммуи олимони мусалмони Лубнон дар Зоҳияи ҷанубии Байрут дидор кард ва мавриди истиқболи Шайх Аҳмад Зин раиси ҳайати умано, Шайх Ҳисон Абдуллоҳ раиси ҳайати мудира ва теъдоде аз аъзои таҷаммуъ қарор гирифт.

Ҳозирон дар ин дидор баъд аз баҳсу гуфтугӯ баёнияе содир карданд, ки матни он ба шарҳи зер аст:

Уммати исломӣ ин рӯзҳо дар фазои пирӯзиҳои меҳвари Муқовимат ба сар мебарад ва ҳамзамон таҳти фишорҳои шадид ва таҳримҳои молӣ ва иқтисодӣ қарор дорад, ки ҳадаф аз он таслим ва иҷбори он ба пайравӣ аз хостаҳои Амрико ва шона холӣ кардан аз ҳадафи аслии он аст ва ин ҳадафи аслии озодии Фаластин аз лувси вуҷуди ишғолгарони саҳюнистӣ аст.

Поёни ин даргирӣ пирӯзии ҳатмии меҳвари муқовимат ба раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳад буд ва ин поёни имрӯз наздиктар аз гузашта аст, лизо Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва таҷаммуъи олимони мусалмон аз тариқи даъват ба ваҳдати исломӣ ва канор задани андешаи такфирии террористӣ, муаррифии нишонаҳои дини ислом, ҳимоят аз муқовимат, ба вижа муқовимати исломии Фаластин иҷтимои олимони дар як ҷабҳа, ёрии Муқовимат ва омодагӣ барои ҷанге қотеъ бо душмани саҳюнистӣ дар ҷиҳати ҳадафҳои аслии исломи асили муҳаммадӣ қадам бар медорад.

Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва таҷаммуъи олимони мусалмон барои муваффақияти ҳамоиши Муқовимат, ки ба зудӣ тавассути Иттиҳодияи ҷаҳонии олимони Муқовимат дар Байрут баргузор мешавад эъломи омодагӣ карда ва тамомии тавон ва имконоти худро барои муваффақияти ин ҳамоиш ва расидан ба тасмимоти муҳим дар ҷиҳати роҳнамоии ҷавонони мусалмони ҷаҳон ва Фаластин ба кор мегирад.

Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ аз таҷаммуъи олимони мусалмон барои мушорикат дар Конфронси ваҳдати исломӣ, ки бахшида ба милоди набавӣ дар Теҳрон  баргузор мешавад даъват кард ва таҷаммуи олимони онро иҷобат кард.