Таваққуфи комили таҷовузи режими саудӣ шарти Яман барои оташ бас
Узви Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бар таваққуфи комили таҷовузи режими саудӣ ба унвони шарти яманиҳо барои пазириши оташ бас таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Албахитӣ узви Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алмаёдин гуфт, ҳаргиз бо тарҳе ҳамчун таваққуфи маҳдуди ҳамалоти ҳавоии Арабистон дар баробари оташ баси комил аз сӯи Яман мувофиқат нахоҳад шуд.
Алхабитӣ бо ҳушдор ба таҳарукоти нави Иморот дар Яман тасреҳ кард, Абузабӣ бояд нерӯҳояшро ба таври комил аз Яман хориҷ кунад.
Ин мақоми Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, дар сурате, ки тарҳи ибтикории сулҳи раиси Шурои олии сиёсии Яман иҷро нашавад ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакӣ ба умқи хоки саудӣ ва Иморот аз сар гирифта хоҳад шуд.
Иморот ахиран бо эъзоми нреӯ ва интиқоли силоҳ ба Яман дар ҳоли таҷҳизкардани худ барои оғози набарди наве дар вилояти Таиз воқеъ дар ҷануби ғарби Яман аст.
Иморот дар ҳоле иқдом ба таҳаррукоти нав дар Яман карда, ки ахбор ва гузоришҳое мабнӣ бар тамоюли Арабистон барои коҳиши ҳамалот дар Яамн мунташир шудааст.