Арабистон рекорди худро дар эъдоми зиндониён шикаст
Арабистон аз ибтидои имсол бо эъдоми 160 нафар, рекорди пешини худро дар эъдоми зиндониён шикаст.
Ба гузориши ИРНА, тибқи гузориши Созмони Афви Байналмилал, дар соли 2018 дар Арабистони Саудӣ 149 нафар эъдом шуданд.
Шумори эъдомҳо дар Арабистон дар солҳои ахир раванди суудӣ доштааст, ба тавре, ки рекорди эъдоми 70 нафар дар соли 2013 имсол ба 160 эъдом расида, дар ҳоле ки ҳанӯз се моҳ аз сол боқӣ мондааст.
Бо ин ҳол, ҳанӯз хатари эъдом 39 нафарро дар Арабистон таҳдид мекунад, ки бархе аз онҳо монанди Алӣ Ан-Немер кӯдак ҳастанд.
Режими Оли Сауд аз соли 2016 то кунун аз таҳвили ҷанозаи 83 шахси эъдомшуда ба хонаводаҳояшон худдорӣ карда, ки ҷасади шаҳид оятуллоҳ шайх Боқир Муҳаммад Боқир Ан-Немер аз он ҷумла аст.
Созмони Байналмилалии Ҳуқуқи Башар эълом кардааст, ки шумори эъдомҳо дар Арабистон дар шаш моҳи нахусти 2019 бештарин мизони сабтшуда дар панҷ соли гузашта буда, ба наҳве, ки 55 нафар дар шаш моҳи нахусти 2018 эъдом шуданд, аммо ин омор дар 2019 ба 122 нафар, яъне беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Эъдомҳо дар Арабистон бидуни баргузории додгоҳи мунсифона анҷом мешавад ва ағлаби эъдомшудаҳо ё маҳкумон дар интизори эъдом, ҳатто ба дурустӣ тафҳими иттиҳом ҳам намешаванд ва додгоҳҳои саудӣ ҳеҷ санади мустанади дол бар иртикоби ҷурм ба ин афрод нишон намедиҳанд.