Октябр 23, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Шароити бисёр вахими зиндониёни ақидатӣ дар зиндонҳои режими оли Сауд

Зиндониёни арабистонӣ аз кабудӣ, сӯхтагӣ ва дигар ҷароҳатҳо ранҷ мебаранд ва бархе аз онон ба хотири маҷрӯҳият наметавонанд ҳаракат кунанд.

Яке аз зиндониёни ақидатии Арабистон аз шароити бисёр ногувори боздоштшудагон дар зиндонҳои инфиродии режими оли Сауд парда бардошт.

Як зиндонии собиқ, ки беш аз ниме аз солро дар зиндон ба сар бурдааст, навишта шуда, ки ин тавсифоти зиндони инфиродӣ аст: “Тӯлу арзи он дувуним метр аст, ки дар ҳамин фазо ҳам дастшуӣ ва ҳам қисмате барои хӯрдан ва хобидан вуҷуд дорад. Дар он як тикка исфанҷи пора барои хобидан аст ва панҷарае барои таҳвияи ҳаво вуҷуд надорад.

Шоёни зикр аст, ки шароити зиндонҳои режими оли Сауд бисёр бад аст ва мутобиқи гузоришҳои байналмилалии дарзкарда аз зиндонҳои оли Сауд, камтарин ва ибтидоитарин ҳуқуқи як инсон дар он риоят намешавад.

Рӯзномаи “Гордиан” пештар таъкид кард, баъд аз афзоиши фишор алайҳи оли Сауд, ба хотири рафтори он бо зиндониёни ақидатӣ, ба вижа баъд аз террори Ҷамол Хошқҷи, рӯзноманигори арабистонӣ, ҳудуди 60 нафар аз зиндониён мавриди муоина қарор гирифтанд ва мушаххас шуд, ки онон аз кабудӣ, сӯхтагӣ, ҷароҳат ва камбуди шадиди вазн ранҷ мебаранд.

Ин рӯзнома ишора кард, бархе аз зиндониён ба хотири маҷрӯҳияти соқи по, лоғарии шадид дар натиҷаи сӯитағзия ва камбуди мойеъот дар баданашон ба ҳеҷ унвон наметавонанд ҳаракат кунанд.

“Гордиан” изҳор дошт, бархе аз зиндониён аз камбуди шадиди вазн ранҷ мебаранд ва доиман хун истифроғ мекунанд ва ҷароҳат дар баданашон густариш пайдо карда ва бархе аз захмҳо ба хотири кӯтоҳии пизишкӣ беҳбуд наёфта ва кӯҳна шудааст.

Ямани Десой, зиндонии арабистонӣ гуфт, нақзи ҳуқуқи зиндониён дар зиндони оли Сауд бисёр зиёд аст ва дар замистон оби гармро қатъ карда ва моро аз васоили назофатие мисли собун маҳрум мекарданд.

 

 

 

Барчасп