Ноябр 03, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
  • Пулҳои касифи Иморот ва Арабистон дар эътирозоти Лубнон

Иморот рӯзона байни 100 то 150 доллар ба ҳар нафар аз тазоҳуроткунандагон пардохт кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии хабарии "Алаҳд"-и Лубнон пас аз гузашти беш аз як ҳафта аз оғози эътирозоти мардуми Лубнон дар хиёбонҳои ин кишвар, ки аз фасоди густурда дар ин кишвар хашмгин ҳастанд, воқеиятҳо дар ҳоли ошкор шудан аст ва аз назари молӣ низ ин эътирозоти мардумиро манобеи машкуке таъмин мекунанд.

Ин манобеи молии машкук бо ҳадафи баҳрагирӣ аз ҳаводисе, ки дар хиёбонҳо иттифоқ меафтад؟ аз як ҷараёни сиёсии хос ҳимоят мекунанд, ки дар хидмати ҳадафҳои онон бошад.

Ҳимоятҳои довталабона аз "кудетои фитнаангез", ки ҳизби "Нерӯҳои Лубнон" таҳти пӯшиши ба истилоҳ "инқилоб" алайҳи раёсатҷумҳурӣ ва давлат дар Лубнон идора мекунад, аз он ҷумла аст.

 Манобеи молии бисёре вуҷуд дорад, ки пойгоҳи интернетии "Алаҳд"-и Лубнон онро фош мекунад. Муҳимтарини ин манобеи молӣ сафоратхонаҳои Иморот ва Арабистони Саудӣ дар Лубнон ҳастанд.

 

Барчасп