Озори ҷинсӣ, маводи мухаддир ва афсурдагӣ балои ҷони артиши режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 04 Nov 2019 14:02:07 GMT )
Ноябр 04, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
  • Озори ҷинсӣ, маводи мухаддир ва афсурдагӣ балои ҷони артиши режими саҳюнистӣ

Афзоиши мавориди озори ҷинсӣ, он ҳам аз ҷониби фармондеҳони олирутба ва масрафи маводи мухаддир ва мавориди афсурдагиҳои рӯҳӣ, артиши саҳюнистиро дар шароити буҳронӣ қарор додааст.

Шароити низомиёни зан дар артиши режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир борҳо хабарсоз шуда ва аз озори ҷинсӣ, эътиёд ба маводи мухаддир ва худкушиҳои мутааддид ҳикоят дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тибқи гузориши манобеи расмӣ дар режими саҳюнистӣ, озори ҷинсӣ дар дохили артиш дар ду соли гузашта ба нисбати бист дарсад афзоиш ёфта ва бо идома ёфтани сарбозии иҷборӣ барои занон, ки аз даҳҳо соли пеш ҷараён дорад, ин мизон низ дар ҳоли афзоиш аст.

Ал Халиҷ Онлайн дар идома навишт, ки артиши саҳюнистӣ ҷумъаи гузашта аз боздошт як саргурд(майор)-и артиш ба иттиҳоми озори ҷинсии низомиёни зани таҳти амраш хабар дод ва дар баёнияе эълом кард, ки ин афсари аршади артиши саҳюнистӣ муртакиб иқдомоти шанеи дигаре низ шуда ва ҳамчунин дар ҳолати мастӣ ронандагӣ низ кардааст.

Танҳо як ҳафта пеш аз он, генерал Shai Elbaz аз фармондеҳони нируи дарёии артиши саҳюнистӣ ба иллати муттаҳам шудан ба озори ҷинсии низомиёни зан маҷбӯр шуд аз мақоми худ истеъфо диҳад. Аммо ин барои аввалин бор нест, ки як генерали олирутбаи артиши саҳюнистӣ ба озори ҷинсии низомиёни зан муттаҳам мешавад. Дар июли соли 2016, хабари як таҷовузи ҷинсӣ натанҳо артиш балкӣ ҷомеаи Исроилро ба ларза андохт. Полковник Офек Бухарис ба озори ҷинсии шонздаҳ сарбоз ва афсари зан муттаҳам шуд. Ӯ фармондеҳи типи вижаи Гӯлони буд, ҳамон типе, ки гуфта мешавад зубдатарин типи артиши саҳюнистӣ аст.

Ба навиштаи Ал Халиҷ Онлайн, яке аз мавориди афзоиши озори ҷинсӣ дар артиши саҳюнистӣ, сарбозии иҷборӣ барои занон ва духтарон аст. Артиши режими саҳюнистӣ танҳо артиш дар ҷаҳон аст, ки аз соли 1956 иқдом ба ҷазби иҷборӣ аз занон ва духтарон мекунад.

Тибқи қонуни Исроил, мардон бояд ду солу ҳашт моҳ ва занон ба муддати сол ба хидмати сарбозӣ бираванд. Ҳудуди 33 дарсади артиши саҳюнистӣ, сарбозон ва афсарони зан ҳастанд.