Боздошти хоҳари Абубакр Албағдодӣ
Як мақоми баландпояи Туркия аз боздошти хоҳари саркардаи собиқи ДИИШ дар шимолу ғарби Сурия хабар дод.
Ин мақоми Туркия эълом кард, ки нерӯҳои кишвараш асри рӯзи душанбе Расмия Авод, хоҳари Абубакр Албағдодӣ, саркардаи собиқи ДИИШ-ро, ки ахиран тавассути Амрико ба ҳалокат расид, боздошт кардааст. Тибқи гуфтаи ин манбаъ, ки хост номаш фош нашавад, хоҳари Албағдодӣ 65 сол син дорад ва дар амалиёте дар наздикии шаҳри Эъзоз, дар шимолу ғарби Сурия боздошт шудааст. Ин мақоми Туркия хоҳари Албағдодиро ба "маъдани тилои иттилоот" ташбеҳ дода гуфт: “Он чӣ Расмия дар бораи ДИИШ медонад, метавонад дар дастгир кардани аносири бештаре аз ин гурӯҳ ба мо кумак кунад”.
Шаҳри Эъзоз яке аз шаҳрҳои марзии воқеъ дар шимоли Сурия аст, ки феълан контроли онро нерӯҳои Туркия бар уҳда доранд.
Расмия Авод ҳангоми дастгир шудан бо панҷ кӯдак ҳамроҳ будааст. Гуфта мешавад, дар ин амалиёт ҳамсар ва арӯси хоҳари Бағдодӣ низ дастгир шудаанд ва бозҷӯӣ аз онҳо оғоз шудааст.
Абубакри Бағдодӣ моҳи гузашта дар амалиёти нерӯҳои низомии Амрико дар як нақб худкушӣ кард. ДИИШ бо интишори як паёми савтӣ хабари кушта шудани раҳбари худро таъйид карда ва дар айни ҳол эълом карда буд, ки аз Амрико интиқом хоҳад гирифт. Бо ин ҳол бархе кишварҳое чун Русия дар бораи ҳақиқати хабари марги Албағдодӣ тардидҳое доранд.