Ноябр 07, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакӣ ба нерӯҳои мавриди ҳимояти эътилофи Саудӣ дар ғарби Яман

Эътилофи Саудӣ муддаӣ шуд,ки нерӯҳои артиш ва Ансоруллоҳи Яман чанд фарванд мушаки баллистикӣ ба мавозеъи нерӯҳои ин эътилоф дар соҳили дарёи Сурх шилик кардаанд,ки бар асари он, шуморе аз ин нерӯҳо кушта ё захмӣ шудаанд.

Ба гузориши Форс, шабакаи хабарии Алмаёдини Лубнон гузориш дод, ки ин инфиҷорҳо дар урдугоҳи нерӯҳои  Типи Алъамоқаҳ ,ки мавриди ҳимояти Иморот аст,дар шаҳристони Алмахо устони Таъиз ( ҷунуб ғарби Яман ) рух додааст.

Бархе ҳисобҳои корбарии вобаста ба эътилофи Саудӣ дар Яман муддаӣ шуданд ,ки Ансоруллоҳи Яман беш аз чор фарванд мушак ба мавозеъи ин нерӯҳо шилик карданд ва сомонаи дифои мушакии Патриёт низ ба раҳгирӣ ва муқобила бо ин мушакҳо пардохтааст.

Туркӣ Алмоликӣ , сухангуи эътилофи Саудӣ ва Иморотӣ дақоиқе баъд аз ин ҳодиса ,ҳамлаи мушакии артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи эътилофро таъйид кард ва гуфт,ки бар асари бархӯрди як фарванд мушак ба анбори муҳимот, шуморе кушта ва захмӣ шудаанд.

Шабакаи Алҷазира теъдоди куштаҳоро шаштан эълом кардааст.

Ҳануз артиши Яман ба ин ҳамла вокунише нишон надодаанд.

Аз тарафе бархе низ муддаъӣ шуданд,ки ҳамла бо се мушаки Болестик ва як фарванди паҳподи интиҳорӣ сурат гирифтааст.

Барчасп