Ноябр 08, 2019 18:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи Созмони Милал дар Яман бо Муҳаммад ибни Салмон

Намояндаи Созмони Милал дар Яман бо Муҳаммад ибни Салмон дидор кард.

Дар ин дидор ду тараф охирин таҳаввулоти Яман ва ҳамкориҳои ду тараф дар ин заминаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши  “Форс”, дар ин дидор имзои тавофуқномаи миёни давлати мустаъфии Яман бо Шӯрои интиқоли ҷанубро ба Ибни Салмон табрик гуфт ва муддаӣ шуд, ки ин тавофуқ бо талоши давлати Саудӣ рақам хӯрдааст. Дар муқобил валиаҳди Саудӣ низ ибрози умедворӣ кард, ки ин тавофуқ фатҳи бобе барои як роҳҳали сиёсии фарогир дар Яман мешавад ва муддаӣ шуд, ки давлати Саудӣ ҳамвора дар пайи сулҳу субот дар ин кишвар аст.

Ин дидор пас аз он сурат гирифт, ки давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ ва Шӯрои интиқоли ҷануб рӯзи сешанбеи гузашта пас аз ду бори таъвиқ саранҷом тавофуқи сулҳро дар пайи моҳҳо даргирӣ дар Риёз имзо карданд. Пас аз ин тавофуқ, ки аз он ба унвони тақсими қудрат миёни давлати Саудӣ ва Иморот дар Яман ёд мешавад, мақарри давлати Мансур Ҳодӣ бори дигар ба шаҳри Адан бозхоҳад гашт. Аз сӯйи дигар ибрози умедвории валиаҳди Саудӣ аз тавофуқи фарогири сулҳ дар Яман дар ҳолест, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта як мақоми Саудӣ муддаӣ шуд, ки кишвараш барои ҳалли буҳрони Яман бо Ҷунбиши “Ансоруллоҳ” дар иртибот аст.

Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, раиси Шӯрои олии инқилобии Яман низ дар вокуниш ба ин хабарҳо аз тими музокиракунандаи яманӣ хостааст, то музокирот бар асоси ибтикори кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дастовардҳои музокироти миллии Яман ва қатъномаи 2216-и Шӯрои амниятро ҳаргиз напазирад.

 

Барчасп